ДАР КӮЛОБ БА ОИЛАИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА ХОНАИ НАВ СУПОРИДА ШУД

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба шаҳрванд Асророва Моҳиҷон калиди хонаи навро супориданд. Ин манзил барои оилае бунёд шудааст, ки хонаи қаблии онҳо бар асари офати табиии моҳи майи соли 2026 осеби ҷиддӣ дида, барои зиндагӣ номувофиқ гардида буд.

Сохтмони манзили нав бо мақсади дастгирии оилаи зарардида ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба роҳ монда шуд.

Хонаи нав бо дарназардошти талаботи муосир бунёд шуда, аз се ҳуҷраи истиқоматӣ, долон ва иншооти ёрирасон иборат аст. Манзил бо тамоми шароити зарурӣ барои зиндагии шоиста таъмин гардидааст.

Барои оилаи Асророва, ки дар пайи офати табиӣ манзили худро аз даст дода буд, соҳиби хонаи нав шудан на танҳо ҳалли мушкили манзил, балки эҳсоси пуштибонӣ ва ғамхории давлату Ҳукумат дар рӯзҳои душвор аст.

Супоридани калиди манзили нав ба ин оила дар Кӯлоб бори дигар аз тадбирҳои дастгирии шаҳрвандони осебдида ва талошҳо барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дарак медиҳад.