9 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид., ки дар он 41 масъала мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Бино ба маълумоти АМИТ “Ховар” дар ҷаласа, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боз 13 санади қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйир ба якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умумии шаҳри Душанбе ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти роҳкиро, инчунин вобаста ба додани имтиёз барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ қабул ва пешниҳод гардидаанд, муҳокима карда шуданд.
Аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, ки инчунин аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Ҳамин тавр, ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ хотима бахшид.