Хурдсолон – иштирокчиёни фаъоли Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Хурдтарин иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик 5 сол дорад.

Тибқи Низомномаи Озмун ҳар як иштирокчии ин номинатсия бояд аз осори насрӣ 50 номгӯй ва осори назмӣ на кам аз 1000 байт аз эҷодиёти шоирони бачагона, инчунин афсонаҳои халқи тоҷик ва чистону латифаҳоро аз худ намояд.

Самия Абдуғанизода

Ба иттилои ҳайати ҳакамони Озмун иштирокчиёни номинатсияи мазкур аз меъёри муқараршуда бештар мутолиа намудаанду зимни баргузории он фаъолнокии худро нишон дода истодаанд. Иштикрокчии хурдтарини номинатсия Самия Абдуғанизодаи 5 – сола мебошад. Ӯ баъди баромад бо лаҳни зебои худ аз ҳайати ҳакамон таҳсину офаринҳои зиёд шунавид.

Муҳаммадсолеҳ Азизов

Иштирокчии дигар Муҳаммадсолеҳ Азизов аст, ки ҳамагӣ 6 сол дорад. Ӯ даврҳои қаблии озмунро бо муваффақият паси сар карда, умедвор аст, ки дар даври ҷамъбастӣ низ сазоворӣ ҷойи намоён мегардад. Муҳаммадсолеҳ мегӯяд, ки зиёда аз 2500 мисраъ шеъру достон аз ёд кардааст.

Моҳпора Қобилова

Моҳпора Қобилова новобаста ба хурдсолии худ бо донишу заковати баланд ва маҳорати волои суханварӣ ҳайати ҳакамони озмунро ба ваҷд овард. Ин духтараки 7 – сола дар даврҳои қаблии дар вилояти Суғд маҳорати воло нишон дода, бо гирифтани зинаҳои ифтихорӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт ва акнун умед дорад, ки барандаи ҷойи аввал дар даври ниҳоӣ мегардад.

Маҷмӯан, иштирокчиёни даври охирини Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкати фаъолона дошта, ба анешаи аъзои ҳакамон онҳо аз омодагии довалабон қаноатманданд.

Нурали Давлат,

РТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *