Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ намоиши бошукӯҳи осори тармимшуда таҳти унвони «Дидор» ифтитоҳ гардид, ки дар баробари эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, имкониятҳои муосири ҳифз ва муаррифии рақамии меросро низ бозтоб менамояд.
Тавре сомонаи Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи расмӣ мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Азиззода Шуҳрат, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳифз ва тармими осори фарҳангӣ бо истифода аз усулҳои нав ва технологияҳои муосир ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфтааст. Ба таъкиди онҳо, ҳамгироии равандҳои анъанавии тармим бо имкониятҳои рақамикунонӣ барои нигоҳдории дарозмуддат ва дастраси омма гардонидани мерос аҳамияти махсус дорад.
Намоиши «Дидор» идомаи мантиқии тадбирҳои созанда дар самти ҳифз ва эҳёи мероси фарҳангӣ буда, меҳвари онро 73 мусаввараи нодир ташкил медиҳанд. Осори мазкур маҳсули эҷоди рассомони маъруфи Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Хошмуҳаммадов М., Сидоренко В., Хушбахтов Х., Боборикин В., Ҳайдаров А. ва дигарон буда, пас аз тармими амиқ ва коркарди муосир дубора ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Хусусияти фарқкунандаи намоиш дар он аст, ки ин осор аз солҳои 1960 ба ин сӯ бинобар ниёз ба тармими ҷиддӣ пешниҳод нашуда буданд. Акнун бо истифода аз усулҳои нави таҳким ва ҳифз, аз ҷумла имкониятҳои рақамии ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти визуалӣ, онҳо на танҳо барқарор, балки барои наслҳои оянда низ ҳифз гардидаанд. Дар миёни онҳо асари рассоми олмонӣ Винклер А. «Манзараи кӯҳӣ. Миёнаи асри XIX» ҳамчун қадимтарин ва арзишмандтарин намуна мавқеи хосро ишғол намуда, «гавҳари намоиш» арзёбӣ мегардад.
Экспозитсия аз лиҳози жанр ва сабк хеле ғанӣ буда, осори воқеъгароёна ва тахайюлиро дар бар мегирад. Тамошобинон имконият пайдо мекунанд, ки на танҳо бо жанрҳои анъанавӣ — чеҳранигорӣ, манзаранигорӣ ва тасвири лаҳзаҳои таърихӣ шинос шаванд, балки онҳоро дар қолаби муосири пешниҳоди осор, ки ба рақамикунонӣ ва сабти иттилоотии дақиқ такя мекунад, дарк намоянд.
Дар баробари мусаввараҳо, намунаҳои гуногуни ҳайкалтарошӣ, аз ҷумла пайкараҳо ва нимпайкараҳо, инчунин осори санъати ороишӣ-амалӣ, аз қабили кулолгарӣ ва кандакории бадеӣ низ ба намоиш гузошта шудаанд, ки маҷмӯан фазои мукаммали муаррифии мероси фарҳангиро фароҳам меоранд.
Намоиши «Дидор» на танҳо таҷассуми эҳтиром ба таърихи санъати миллӣ, балки намунаи ҳамгироии арзишҳои анъанавӣ бо равандҳои муосири рақамикунонӣ ва нигоҳдории зеҳнии мерос мебошад. Ин ташаббус дар соли ҷашнӣ бозгӯи таваҷҷуҳи давлат ба ҳифзи сарватҳои маънавӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи ҷаҳони рақамӣ арзёбӣ мегардад.
