Олимон дар Антарктида ҷазираи номаълумеро кашф карданд…

Дар Антарктида ҷазираи номаълуме кашф шудааст, ки дарозии ҷазира тақрибан 130 метр ва паҳнои он 50 метр аст.

Тибқи иттилоъи расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ҷазираи мазкур аз ҷониби Экспедитсияи байналмилалии Институти тадқиқоти қутбӣ ва баҳрӣ ҳангоми обшавии босуръати пиряхҳо ошкор карда шудааст. Қаблан, он дар тасвирҳои моҳвораӣ пайдо нагардида буд, зеро он дар зери қабати бузурги ях пинҳон шуда, бо манзара омехта шуда буд.

Тибқи маълумоти Институти тадқиқоти қутбӣ ва баҳрии ба номи Алфред Вегенер (AWI) аз 8 феврали соли 2026 гурӯҳи иборат аз 93 нафар олимон қисми шимолу ғарбии баҳри Уэдделларо таҳқиқ мекарданд. Дар ҷараёни ин корҳо ҷазирае кашф гардид, ки қаблан дар харитаҳои баҳрӣ танҳо ҳамчун «минтақаи хатарнок» ишора шуда буд. Иқлимшиносон нақша доранд, ки ҳарчи зудтар ба ҷазира номи расмӣ гузоранд.