Ҳунар ва оила пайванди гарму ногусастанист. Ҳунармандон илҳоми худро аз муҳити оила, аз меҳру дастгирии ҳамсар ва фарзандон мегиранд.
Меҳринисо Қурбонова ҳаёти намунавӣ доранд, зеро ҳаёти худро баҳри ободӣ ва пешравии оила бахшидаанд. Барои пешбурди зиндагӣ корхонаи хӯрди худро боз намудааст, баҳри омӯхтани ҳунарҳо. Бо ин зани меҳнатӣ дар коргоҳи ӯ ҳамсӯҳбат шудем.
— Ҳамчун кадбону кадом ҳунарҳоро доро ҳастед?
Кадбонуи хона шахсе аст, ки дар оила на танҳо хӯрок омода мекунад, балки муҳити оиларо гарм ва пур аз ғамхорӣ мегардонад. Аз уҳдаи пӯхтани тамоми хӯрокҳои миллӣ мебароям. Падару модарон пеш аз он ки духтаронро ба шавҳар медиҳанд, бояд пеш аз ҳама онҳоро ба ҳаёти оиладорӣ омода кунанд. Ман дар ин коргоҳ духтаронро барои омӯзонидани ҳунарҳои миллӣ ҷалб кардаам. Дар ин коргоҳ пӯхтани хӯрокҳои миллӣ, тамоми намуди қаннодиҳо ба гулдухтарон омӯзонида мешаванд.
— Айни ҳол хамири чӣ омода карда истодаед?
Хамири самбӯса омода карда истодаам. Фасли баҳор аст. Талаботи мардум ба алафҳои баҳорӣ зиёд аст. Самбӯсаи алафӣ мепазам. Чунки алафҳои баҳорӣ хусусияти шифобахшӣ низ доранд. Ва организми инсонро аз витаминҳо бой месозанд.
— То ҷое мо медонем, ҳунари дӯзандагӣ низ доред?!
Бале, барои як шахс чил ҳунар кам аст. Дӯзанда ҳастам. Куртаҳои чакану попур ва куртаҳои миллӣ медӯзам. Ва ҳунарҳои худро ба шогирдони хушзавқам низ бо муҳаббат меомӯзонам. Ҳунарҳои мардумӣ ва аз худ кардани онҳо қадр кардани фарҳанги оиладорӣ ба шумор меравад. Ҳар як нақшу нигоре, ки меофарам, қиссае доранд. қиссаи муҳаббат, сабр ва заҳмати бепоён. Дар ин коргоҳи ҳунар на танҳо матову ришта, балки орзуву умедҳо ба ҳам мепайванданд. Ҳунар барои ман як қисми зиндагӣ аст, чунки ҳар риштае, ки медӯзам, бо гармии оила ва муҳаббати наздикон омехтааст.
— Ҳаёти хуби оиладорӣчӣаст?
Этироми зану шавҳар ва ҳамдигарфаҳмӣ асоси зиндагӣ буда, ҳаётро орому пурсаодат мегардонад. Зан барои шавҳар ҳамсафару ҳамдард аст, шавҳар бошад барои зан такягоҳ ва муҳофиз. Миннатдорӣ ва хотирбинӣ ба зан, ё ба шавҳар на танҳо эҳтиром, балки нишони муҳаббат ва ғамхорӣ ба оила мебошад. Муҳити гарму солими оила ин фазоест, ки дар он аъзои оила дилпурона зиндагӣ мекунанд, тарбия мегиранд ва ба ҳамдигар муҳаббат ва дастгирӣ мерасонанд. Ин муҳити гарм ва ором на танҳо ба рушди фарзандон, балки ба ҳамдигарфаҳмӣ ва пойдории оила низ таъсир мерасонад. Мо бо шавҳарам тӯли 28 сол ҳаёти оиладорӣ дорем. Бо дастгирии маҳз марди зиндагиам коргоҳи ҳунарамро боз намудам. Дар зиндагӣ бо бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудем. Вале ба ин тан надодем. Ҳамеша ба пеш ҳаракат кардем. Як чизро дар зиндагӣ фаҳмидам, ки вақте ҳунар аст, инсоният дар зиндагӣ устувор мешавад.
— Сарбаланду хонаобод бошед.
Зарина Мухторзода,
радиои “Тоҷикистон”
