Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма ва марказҳои матбуотӣ дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ва бо мақсади иҷрои санадҳои ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», инчунин дигар барнома ва стратегияҳои давлатӣ сурат гирифт.
Ҳамоиш бо ифтитоҳ ва суханронии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар оғоз гардида, номбурда таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои амният, суботи ҷомеа ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд.
Дар идома директори нашриёти «Адиб» баромад намуда, баргузории чунин ҳамоишро амри зарурӣ арзёбӣ кард ва иброз дошт, ки дар шароити нооромии ҷаҳонӣ ҳар як фарди кишвар, бахусус ҷавонон, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зикр гардид, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҳеҷ гоҳ ба касе раҳм накардаанд ва нахоҳанд кард.
Ҳамчунин, директори нашриёти «Ирфон» Нуралӣ Абдураҳмон таъкид дошт, ки омили асосии раҳоӣ аз ҷаҳолат, гумроҳӣ ва нодонӣ илм мебошад ва роҳи ягона рӯй овардан ба илму китоб аст.
Дар ҷараёни ҳамоиш зикр гардид, ки воситаҳои ахбори омма ва марказҳои матбуотӣ метавонанд дар пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, ташаккули афкори ҷомеа ва ҳифзи фазои иттилоотӣ нақши калидӣ бозанд.
Дар анҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати тақвияти фаъолияти муштарак дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба баланд бардоштани нақши ВАО дар ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва таҳкими мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб мусоидат хоҳанд кард.
Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон«
