Модар – фариштаи зиндагӣ

Модар маънии ҳаёт, гармии хонадон ва нури дил аст.  Мо бо як дастагули зебо, ки рамзи эҳтиром ва муҳаббат аст, баҳри табрикот ва аёдати як модари меҳрубон, омӯзгори ботаҷриба Шамъигул Ҳусейнова, ки дар синни 81 солагӣ қарор доранд ба шаҳри Ҳисор рафтем. Ба ҳавлии  Шамъигул Ҳусейнова бо самимият даромадем. Суҳбати мо бо суханони ин модари мушфиқу меҳрубон оғоз гардид:

— Модари азиз, сараввал шуморо бо рӯзи модарон самимона таҳният мегӯем. Рӯзи модарон барои шумо ҳамчун зан-модар, ҳамчун омӯзгор чӣ аҳамият дорад?

Рӯзи модарон бароям аҳамияти бузург дорад. Чунки бе модар ҳаёт бемаъно аст. Ташаккур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақоми занону модаронро ба авҷи боло бурдаанд. Ва ин рӯзро рӯзи мордар эълон кардаанд. Модар фариштаи зиндагӣ аст, аввалин устоди инсон аст. Чунки дарси аввалини ҳаёт ахлоқ, ростқавлӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиромро фарзанд аз модар меомӯзад. Ман соҳиби 10 фарзандам. Қаҳрамонмодарам! Ва аз ифтихор мекунам. Фарзандонам ҳамаашон соҳиби маълумоти олӣ буда, дар касбу корҳои гуногун фаъолият мебаранд. Ҳамаашон оиладор соҳиби  хонаву дар, келину домод шудаанд. Зиндагии осоишта доранд.

— Инсоният дар кадом синну соле набошад, эҳтиёҷ ба меҳру муҳаббат,  навозишу ғамхории модар дорад. Аз модари азизатон чӣ хотираҳо доред?

Сарчашмаи зиндагии ман ҳамаш аз шодравон модарам аст. Мо ду духтар будем, модарам писар надоштанд. Мо ду духтарро соҳиби илму ҳунар ва  касбу кор карданд. Ҳамеша баҳри зиндагии шоистаи мо камари ҳиммат баста буданд. Моро тарбияи нек доданд. Инсони поквиҷдон буданд. Хоҳарамро ба шавҳар додем. Ман ҳамроҳи шавҳарам дар ҳавлии модарам зиндагӣ мекардем. Агар зинда мебуданд, модарамро  тоҷи сар мекардам. Дар зинда буданашон ҳамеша хизматашон мекардам. Дуои нек мегирифтам. Модарам пайваста мегуфтанд, ки ман аз ту розӣ ҳастам. Шояд ягон лаҳзаҳое буд, ки серкорӣ доштам, канорашон кам шиштам, кам гуфтугӯ кардам. Имрӯзҳо хеле пушаймонам. (мегиряд) Пир шудам, вале ҳамеша бо ёди модар ҳастам.

Аз лаҳзаҳои оиладорӣ ҳамроҳи шавҳар каме ёдоварӣ мекардед?

Шодравон шавҳарам Раҳматулло Камолов инсони бениҳоят хуб буданд. Ҳамеша пайи зиндагии оиладорӣ меҳнат мекарданд. Зиндагии моро рангоранг ва пурмазмун гардонида буданд.  Таълиму тарбия барояшон дар мадди аввал буд. Шахси бисёр бо сабру таҳаммул ва ғамхори фарзандон буданд. Дастгирии шавҳарам буд, ки фарзандонам дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил карда, соҳибмаълумот гардиданд.

— Барои 10 нафар фарзанд таълиму тарбия додан душвор набуд?

Аз лаҳзаи аввалини ба дунё омадани фарзанд модар тамоми ҳастиашро барои тарбияи фарзандон мебахшад. Модар чароғи роҳ ва сарчашмаи илҳом барои аҳли оила  аст. Маҳз дастгирӣ, дуо ва боварии модар аст, ки инсоният дар зиндагӣ рушд мекунад ва дар  дили шахс меҳру муҳаббатро бедор мекунад. Дар таълиму тарбияи фарзандонамон дастгирии падарашон низ буд. Шабонгоҳон то дарс омода намекардан, аз онҳо санҷиш намегирифтам, намемондам, ки хоб кунанд. Ҳафт писар калон буданд, духтараконам хурд буданд. Дар баробари таълим, корҳои хонаро ба писаро тақсим карда будам. Ҳар кадоми онҳо вазифаи худро иҷро мекард. Ҳамин гуна тарбия имрӯз фарзандонамро дар зиндагӣ устувор кард.

— Чанд сол дар мактаби миёна ҳамчун омӯзгор ба шогирдон дарс гуфтед?

Омӯзгоре, ки имрӯз ба садҳо шогирд дониш медиҳад, худ замоне дар оғӯши модар тарбия ёфтааст. 37 сол дар мактаб аз фанни забон ва адабиёт дарс гуфтам. Омӯзгорӣ касби пуршараф аст. Танҳо омӯзгоре дар ин самт муваффақ мешавад, агар касбашро дӯст дорад ва омӯзгори масъулиятнок бошад. Дар баробари тарбияи фарзандонам, тарбияи шогирдон низ бароям бисёр муҳим буд. Ҳамчунин дар мавриди оиладорӣ низ ба шогирдон дарс мегуфтам. Имрӯз шогирдонам дар ҳама самтҳо фаъолона кор мекунанд. Аз ҳолу аҳволам ҳамеша пурсон шуда, миннатдорӣ баён мекунанд.

— Ба ҷавонон, ба навхонадорон чӣ маслиҳатҳо медодед?

Модар дар зиндагии ҳар инсон ҷойгоҳи махсус дорад ва иззату эҳтироми модар қарзи ҷонии фарзандон ба шумор меравад. Дуои модар метавонад ба зиндагии ҳар як шахс гармӣ ва ба хонадони ӯ баракат бахшад. Модар зиннати зиндагии инсон аст. Ҳузури ӯ ба хонадон гармӣ, ба рӯзгор маънӣ ва ба дилҳо оромиш мебахшад. Ба қадри модарон дар зинда буданшон бирасанд. Модар муҳтоҷи пул ё тангаву тилло нест, модар муҳтоҷи сухани хуби фарзанд аст, таваҷҷуҳи неки фарзанд аст. Ман аз ҳама фарзандони худ, келинҳои хонаводаи худ розиям. Чунки ҳамеша иззату эҳтиромамро ба ҷо меоранд. Навхонадорон низ дар зиндагӣ пурсабр бошад. Эҳтироми падару модар ва хусуру хушдоманҳоро ба ҷо биоранд. Оилаи солим барпо кунанд.

— Саломат бошед!

Зарина Мухторзода,

радиои «Тоҷикистон»