Таҷлили бошукӯҳи “Рӯзи Модар” дар Суди Олӣ

Имрӯз дар Суди Олӣ бахшида баҷашни фархундаву муқаддаси “Рӯзи Модар” бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Зимни ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори ин санаи муҳим таъкид гардид, ки Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон буда, мақоми ӯ дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат бахусус тоҷикон хеле баландаст.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни фархундаву муқаддаси “Рӯзи Модар”-ро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода оғоз бахшида, кормандони ҳокимияти судиро бо ин ҷашни фархунда яъне “Рӯзи модар” табрик гуфта, қайд намуданд, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи модар» нишонаи эътибору эҳтироми давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба мақому манзалати баланд соҳиб гаштани онҳо мебошад.

Ҳамин аст, ки Сарвари давлат ҳамеша дар баромадҳояшон нақши арзандаи занонро дар пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат бамаврид арзёбӣ мекунанд. Инчунин таъкид рафт, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи модар» нишонаи эътибору эҳтироми давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба мақому манзалати баланд соҳиб гаштани онҳо мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштанд: «Нақш ва мақоми Зан — Модар дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд овардаанд ва таъкид кардаанд, ки Зан — Модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгори мо мебошад». Хушбахтона, имрӯз занону бонувон дар соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодии кишварамон фаъолона ширкат варзида, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, беҳдошти вазъи иқтисодии оилаҳо ва умуман барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо гузошта истодаанд.

Аз ҷумла, занону бонувони ҳокимияти судӣ низ бо меҳнати поку софдилона дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла раиси суд, муовини раиси суд, судя ва кормандони дастгоҳи судҳо фаъолияташонро дар роҳи пурмасъули баамалбарории адолати судӣ идома дода истодаанд. Сипас, судяҳои Суди Олӣ вобаста ба ин ҷашн бо маърӯзҳо баромад намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ ба бонувони ҳокимияти судӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Олуфта Шарипова

радиои “Тоҷикистон”