Таърихи ҷомеаи башарӣ ва таҷрибаи пешрафтаи аксар кишварҳои олам собит месозад, ки мустақилияту соҳибистиқлолӣ заминаи эҷоди миллате бо пайванди иҷтимоии қавӣ ва давлати нерумандро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави рушди сиёсиву иҷтимоӣ ворид гардид, ки дар он нақш ва мақоми занону духтарон ба таври назаррас таҳким ёфт.
— Сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам боло бардошта шавад. Имрӯз ягон самти фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятиро бе иштироки фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мудофиаи давлатӣ, иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ торафт афзун мегардад.
Дар самти баланд бардоштани ҳуқуқу озодиҳои занон, ҷалби онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон тадбирҳои пайгирона амалӣ мегарданд. Зеро табиист, ки ҳар ҷо зан ҳузур дорад, назму низом, меҳрубонӣ ва самимият устувор мегардад.

Бо ташаббуси роҳбарияти давлат якчанд барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ қабулу амалӣ ва ба густариши имконоти занон нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи равшани эътимоду боварӣ ба қобилияти занону духтарон мебошад.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, “дар ҳамаи иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хизмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, басе бузург аст”.
Тибқи маълумоти оморӣ, занон 49,3 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки занону духтарони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Рӯз ба рӯз шумораи занон дар мансаб ва вазифаҳои давлатӣ рӯ ба афзоиш аст. Ин аз баробарии зану мард дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, онҳо дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат мекунанд. Маълумот нишон медиҳанд, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, маориф, соҳаи хизматрасонии ахборию ҳисоббарорӣ ва сохторҳои бонкдориву молиявӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил мекунанд.
Ҳоло қариб 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, фарҳанг 47, 39 фоизи бонкдорӣ, 25 фоизи алоқа, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занон мебошанд.
Имрӯзҳо маълум мегардад, ки нақши занон дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат низ хеле назаррас аст. Аз ҷумла, дар самти татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, амалинамоии зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот ва сармоягузорӣ ҳамчун соҳибкорони муваффақ занону духтарон фаъолона саҳм гузошта истодаанд.
Занон тақрибан нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд ва таваҷҷуҳи давлат ба дастгирии онҳо сол аз сол меафзояд. Натиҷаҳои интихоботи охири парлумонӣ нишон медиҳанд, ки иштироки занон дар мақомоти намояндагӣ рӯ ба афзоиш дошта, сафи занони вакил дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон назаррас мебошад. Ҳамзамон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру вилоятҳо низ ҳиссаи занон ба сатҳи қобили таваҷҷуҳ расидааст.
То соли 2025 шумораи занон дар хизмати давлатӣ низ тамоюли болоравӣ дорад. Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ҳиссаи занон беш аз чорякро ташкил дода, дар соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ аксариятро маҳз занон ташкил медиҳанд. Дар бахши соҳибкорӣ ва кишоварзӣ низ шумораи занони роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон рӯ ба афзоиш мебошад, ки ин аз боло рафтани фаъолнокии тафаккури иқтисодии онҳо шаҳодат медиҳад.
Бояд гуфт, натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2025 нишон медиҳанд, ки сатҳи иштироки занон дар мақомоти олии қонунгузории мамлакат хеле боло рафтааст. Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар занон интихоб ва таъйин гардиданд, ки 30,3 фоизи ҳайати умумиро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафар занон ё 28,6 фоиз роҳ ёфтаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба интихоботи гузашта ё даъвати шашум рӯ ба афзоиш буда, тамоюли мусбати тақвияти нақши занонро дар ҳаёти сиёсӣ собит менамояд.
Инчунин саҳми занон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи намоёнро ташкил намуда, иштироки онҳо дар таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ ва қарорҳои муҳимми давлатӣ ва идоракунии сиёсӣ боиси сифатан ва мазмунан баланд бардоштани санадҳои муҳими давлативу байналмилалӣ мешавад.
Ин раванд гувоҳи татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби бештари онҳо ба сохторҳои идоракунии давлатӣ мебошад.
Бо мақсади тақвияти нақши занон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва нақшаҳои амалисозии он мавриди иҷро қарор доранд. Ин ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки бештари занон дар идоракунии давлатӣ, рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими мавқеи иҷтимоии онҳо равона шудаанд.
Воқеан ҳам, Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти зани тоҷик таҳаввулоти амиқ ба вуҷуд овард. Занону духтарон ҳамчун фарзандони содиқи Ватан дар раванди созандагиву бунёдкорӣ фаъолона иштирок намуда, собит сохтанд, ки дар баробари рисолати муқаддаси модариву ҳамсарӣ метавонанд рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро намоянд.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша ва ҳомии Ватанро мебинад, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мост.
Ҷойи таъкид аст, ки ҳифз ва интиқоли фарҳанги миллӣ низ ба заҳмати занон вобаста аст. Расму ойинҳо, суннату анъанаҳои ниёгон, сарфаю сариштакорӣ, одоби муошират ва пӯшидани либоси миллӣ маҳз дар муҳити оила ва бо роҳнамоии модар ба наслҳои оянда интиқол меёбад. Бесабаб нест, ки Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо эътимоди комил иброз доштанд, ки «занону бонувон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд». Ин андеша нақши занро ҳамчун посдори арзишҳои миллӣ ва сипари маънавии ҷомеа таъкид намуда, масъулияти онҳоро боз ҳам дар таҳкими сулҳу субот, қонунсолориву қонунпазирӣ, болобурдани худогоҳиву худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи насли солими ҷомеа бештар мегардонад.
Дар фарҳанги миллии мо зан–модар мақоми воло дорад. 8 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, ки ин нишонаи эҳтирому қадршиносии давлат ва ҷомеа нисбат ба мақоми зан мебошад. Модар на танҳо сарчашмаи меҳру муҳаббат, балки поягузори тарбияи насли солим ва созанда аст. Агар зан покдомону боиффат, худогоҳу бофарҳанг бошад, ҷомеа низ солиму пешрафта хоҳад буд.
Бузургони гузашта таъкид намудаанд, ки падару модар, муаллим ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас масъулияти бузург доранд. Миллати тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунсоз бо такя ба арзишҳои асили фарҳангӣ ҳамеша ба мақоми зан арҷ гузоштааст.
Бузургони гузашта иброз намудаанд, ки падару модар, муаллим ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас масъулияти бузург доранд. Миллати тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунсоз бо такя ба арзишҳои асили фарҳангӣ ҳамеша ба мақоми зан арҷ гузоштааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода хеле рамзӣ гуфта буд:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Имрӯз занони тоҷик дар партави истиқлолият асолати хешро дарёфта, дар баробари мардон қадам мезананд, масъулияти давлатдорӣ ва пешбурди ҷомеаро бар дӯш доранд ва ҳамзамон арзишҳои оилавию миллӣ ва рисолати муқаддаси модариро ҳифз менамоянд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки занону модарони арҷманди мо минбаъд низ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодиёт ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.
Зоир РАҲМОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Бознашр аз АМИТ «Ховар»
