Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 9 нафар аз ВКМБ роҳхат гирифтаанд. Имсол сокинон ва хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз оғози Озмун то ба даври ниҳоӣ он фаъолона иштирок менамоянд. Инро натиҷаи таваҷҷуҳи хос аҳли адабу фарҳанги вилоят ба муҳассилин медоданд. Дар ин хусус омӯзгор аз ВМКБ – Заррина Шерғозиева ба хабарнигори радиои “Тоҷикистон” иттилоъ дод.
“ Мо низ аз Бадахшон бо шогирдони худ, ки теъдоди онҳо ба 9 нафар расидааст ба озмун омадаем. Шогирдони мо адабӣ ва фарҳангӣ будани худро бори дигар дар назди ҳайати ҳакамон истоб намуда истодаанд. Ман бисёр хурсанд аз он ҳастам, ки чунин озмун ташкил шуд чун, ки меҳру муҳаббати китоб аз қадимулайём дар қалби халқи тоҷик аст”- гуфт, Заррина Шерғозиева.
Тавре мушоҳида намудем имсол нафароне, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” муаррифӣ менамоянд, бо омодагии хуб иштирок намуда истодаанд. Аз ҷумла ҳамсуҳбати навбатии мо Шарифамо Одинамамадова, ки иштирокчии номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” аст, дар назди доварон расо як соат бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суханронӣ намуд.
Аз ҳамсуҳабти худ бобати муносибати ҳайати ҳакамон пурсон шудем ва ӯ чунин гуфт: “ Албатта, ҳамаи он саволҳое, ки аъзои ҳакамон ба ман пешниҳод карданд, кӯшиш намудам, ки ба ҳамаи он саволҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷавобҳои дақиқ диҳам. Ҳайати ҳакамон барои ман маслиҳат доданд, ки китобҳоро ба воситаи тарҷумонҳо бо забони тоҷикӣ мутолиа намоям”.
Ба ҳамин тартиб, ин лаҳзаҳо дар толорҳои махсуси китобхонаи милли Тоҷикистон иштирокчиёни даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо масъулияти баланд ва шавқи беандоза ширкати фаъолона доранд .
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ ва паҳн нагардидани бемории коронавирус дар дигар толорҳои китобхона устодон ва наздикони иштирокчиён имкон доранд, ки тавассути монитор раванди баргузории омзмунро тамошо намоянд.
Нуралӣ Давлат
радиои “Тоҷикистон”