Муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Қатар хоҳанд рафт

Дар доираи созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати  Давлати Қатар барои сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ин кишвари дӯст мулоқоти фосилавии Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ҳайати Давлати Қатар баргузор гардид.

Зикр шуд, ки муҳоҷирон  бештар дар самтҳои  сохтмон,  сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ  ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар Қатар ба кор ҷалб мешаванд.  Гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи созишнома рӯзҳои наздик нақшаи сафарбарнамоии шаҳрвандони кишварро ба ин мамлакат таҳия менамояд.

Дар мулоқот интиқоли  доимии муҳоҷирони меҳнатӣ  аз Тоҷикистон ба Қатар тазаккур ёфта,  масъалаҳои бақайдгирию  барасмиятдарории онҳо,  ҳимояи ҳуқуқ, такмили  малакаи забондонӣ ва  ихтисос  зимни фаъолияти корӣ дар ин ҷо мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд. Ҳамчунин, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои муътадил гардондани бозори меҳнат ва фароҳам овардани шароити корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқоти  навбатии фосилавӣ доир  гардад.

Сарфи назар аз пандемияи коронавирус  нақшаи кории муштарак  дар муддати кӯтоҳтарин таҳия шуда,  ҷиҳати татбиқи амалии он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Саидов Ш.,

радиои «Тоҷикистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *