шаҳри Душанбе, 31.01.2026
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёитабор – Сада самимона табрик мегӯям.
Ҷашни Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид.
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди монеаҳои сунъии дар тӯли асрҳои зиёд барои баргузории ҷашни Сада эҷодшуда миллати тоҷик онро ҳамчун арзиши зиндагисоз дар хотираи худ ҳифз намудааст.
Зеро дар меҳвари Сада ғояҳои инсондӯстӣ қарор дошта, ин ойини бостонӣ мисли дигар ҷашнҳои миллии мо ифодагари пайванди азалии инсон бо табиат ва коинот, рамзи шодиву хурсандӣ, ободиву хуррамӣ, покиву озодагӣ, сулҳу осоиш ва пояндагии гармиву рӯшноӣ мебошад.
Дар замони бостон ва махсусан, дар даврони Сомониён, ки ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид, ин суннату анъанаҳо побарҷо буданд.
Номи ҷашни Садаро маъмулан ба рақами сад, яъне панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб то Наврӯз рабт медиҳанд, аммо ба андешаи баъзе донишмандони дигар Сада аз вожаи «санд»-и авестоӣ гирифта шуда, маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир гардиданро ифода мекунад, ки иртибот ба равшанию гармӣ дорад.
Манбаи нуру гармӣ оташ аст, чун худи пайдоиши Сада бо кашфи оташ аз ҷониби подшоҳи пешдодӣ Ҳушанг робита дорад, ки ривояти онро Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» чунин инъикос намудааст:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Бо мурури замон ба ин ёдгории Ҳушанги пешдодӣ омилҳои гуногуни таърихӣ таъсири манфӣ расонида, анъанаву суннатҳои ин ҷашни деринаро камранг сохтанд, аммо онҳо на танҳо дар ҳофизаи мардуми мо, балки дар расму ойинҳое мисли маросими ҳут ва русуми дигар то замони мо зинда монданд.
Эҳёи дубораи ин ойини бостонӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба он чун ҷузъи ҳофизаи таърихии миллат умри дубора ва рангу таровати тоза бахшид.
Имсол аз нахустин таҷлили расмии Сада ҳашт сол сипарӣ мегардад ва имрӯз он ба сифати ҷашни умумимиллӣ дар ҷомеаи мо мақоми хосса пайдо намуда, ба яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузаштаи ниёгон табдил ёфтааст.
Яъне ҳоло ҷашни Сада хислати оммавӣ пайдо намуда, ҳувияти ориёии моро боз ҳам устувор карда истодааст.
Ҳамзамон бо ин, ҷашни Сада соли 2023 аз ҷониби созмони бонуфузи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷик ва тамоми мардумони ориёитабор аст.
Сада қабл аз ҳама ҷашни деҳқонон буда, бо пешаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад.
Ба чиллаи калон рост омадани он дарак медиҳад, ки фасли зимистону ҳукмронии сармо ба охир расида истодааст ва табиат аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.
Яъне Сада гардиши табиат ба сӯйи Наврӯз ва омодагӣ ба кишту кори баҳорист.
Дар ин айём марди деҳқон омодагиро ба корҳои кишоварзӣ оғоз менамояд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки аз ҳар як рӯзи мусоид истифода намуда, корҳои омодагиро ҳарчи бештар вусъат бахшем, зеро ҳосили фаровон ва баракати дастурхони мардум аз заҳмати кишоварзони мамлакат вобаста мебошад.
Чунонки ҳамаи мо мушоҳида мекунем, масъалаи таъминоти аҳолии сайёра ва минтақаҳои алоҳидаи олам бо маводи ғизоӣ рӯз аз рӯз шиддат гирифта, бо сабаби торафт зиёд шудани талабот ба озуқаворӣ нархҳо ноустувор гардида истодаанд.
Ба ин хотир, мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худро самаранок истифода карда, амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоем.
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳимми ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Сада ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин айёми фархунда табиати кишвари биҳиштосоямонро боз ҳам сарсабзу зебо гардонем, кӯчаву гулгаштҳо, хонаву кошона ва маҳалли зистамонро обод ва тозаву озода нигоҳ дорем.
Муҳимтар аз ҳама, дар ин ҷаҳони пурошӯб ба қалбҳоямон кинаву кудуратро роҳ надиҳем ва ба қадри сулҳу осоишу ҳамбастагӣ расем.
Соли ҷорӣ барои кишвари мо соли рӯйдоди азими таърихӣ – сиву панҷсолагии истиқлоли давлатӣ мебошад.
Ба ифтихори ин ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ мо соли 2026-умро соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудем.
Аз ин лиҳоз, мо бояд ҷиҳати рушду пешрафти минбаъдаи кишвари маҳбубамон беш аз пеш заҳмат кашем ва диёри куҳанбунёдамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Бо умеди рушду тараққиёти боз ҳам бештари Тоҷикистони маҳбубамон бори дигар кулли мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати ҷашни Сада самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат сулҳу осоиш, бахту саодат ва файзу баракати рӯзгор орзу менамоям.
Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!
