Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ — Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта мешавад. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаашонро, ки хоси он минтақа аст,пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Дар ин ҷашнгоҳ инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, техникаҳои соҳавӣ, техникаҳои кории кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузошта мешаванд.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд ба ин ҷашнгоҳ омада, маҳсулоти пешниҳодгардида ва гулу буттаҳои ороишию ниҳолҳоро харидорӣ намоянд.
