Имрӯз дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Чорабиниро муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ба хотири мутобиқ намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа таҳия шуда, барои муҳокима ду маротиба ба вазорату идораҳо фиристода шуд. Ҳадафи асосии ин Кодекс пеш аз ҳама инъикоси нақши давлатро дар самти идоракунии захираҳои табиӣ ва амнияти экологӣ мебошад.
Вакили Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олӣ Рустам Латифзода оид ба рафти таҳияи лоиҳа суханронӣ намуда, зикр намуд ки қабули ин Кодекс имкон медиҳад, ки дар кишвар сиёсати ягонагии соҳаи муҳити зист таъмин карда шавад. Дар Кодекси экологӣ тибқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст, ки масъулияти давлатро дар истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва механизмҳои иҷроиши қонунҳоро муайян мекунад. Нафароне, ки дар самти экологӣ ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд, тибқи ин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Кодекси экологӣ имкон медиҳад то соҳибкорон ва дигарон ҳангоми ба истеҳсолот машғул шудан ба иқтисоди сабз таваҷҷуҳ намоянду устувории табииро таъмин созанд. Ҳамчунин тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, роҳҳои коркарди партовҳо, раванди танзими экологӣ , ҳамкории байналмиллалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбат ба экология ба назар гирифта шудааст.
Дар муаррифии Кодекси экологӣ ҳамчунин коршиносону шарикони рушд ширкат доштанд ва фикру андешаҳои худро нисбат ба Кодекс ва нақшаи амали он, манфиат аз татбиқи он иброз доштанд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
