Пешвои миллат: Соли 2025 ММД ба 173 миллиард сомонӣ расид

Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди иқтисодӣ ҷумҳурӣ 8,4 фоизро ташкил дод.

Ин нуктаро  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Ҳамчунин Пешвои миллат зикр карданд, ки даромадҳои буҷети давлатии кишвар аз ҳамаи манбаъҳо 50 миллиард сомониро ташкил додаанд, ки нисбат ба соли 2021 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.