Пешвои миллат: Дарозумрии миёнаи аҳолӣ дар даҳ соли охир 7 сол афзудааст

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон давомнокии умри аҳолӣ афзудааст. Тавре Пешвои миллат афзуданд, дар давоми 10 соли охир давомнокии миёнаи умр дар кишвар 7 сол зиёд шудааст.

Агар соли 2015 давомнокии миёнаи умр 70 солро ташкил медод, соли 2025 бошад ин нишондиҳанда ба 77 сол расидааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон 26 фоиз афзоиш ёфта, аз 8,5 миллион то 10,7 миллион нафар расидааст.