Форуми байналмилалии саноати маъдан ва металлургии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят-Реҷенси»-и шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори ин чорабинии бонуфуз беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи маъдани кӯҳи аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафар сармоягузорон, истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ иштирок намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оғоз гардид.

Аснои суханронӣ мавсуф ҳозиринро ҷиҳати иштирок ба ин ҳамоиши бонуфуз хайрамақдам гуфта,  иброз дошт, ки басо рамзист, ки имсол баргузории ин форум бо ҷашни Рӯзи геологҳои Тоҷикистон рост омад. Таҳким ва навсозии бахши саноат дар Тоҷикистон ба монанди тамоми кишварҳо яке аз самтҳои калидии рушди иқтисодӣ мебошад, ки ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири мустақим мерасонад ва дар байни инҳо, саноати кӯҳӣ ва металлургӣ дар кишвари мо мақоми хоса дорад. Бояд қайд кард, ки худи таъсиси платформаи форум дар аввал барои фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи маъдан ва металлургия равона шуда буд.

Инчунин барқарорсозӣ ва густариши робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, рушди устувори ин бахши воқеии иқтисодиёт, пеш аз ҳама ба ноил шудан ба ҳадафҳои калидии стратегӣ ва суръат бахшидан ба саноатикунонии кишвар нигаронида шудааст. Дар натиҷаи татбиқи барномаи саноатӣ то соли 2030, истеҳсоли саноатии Тоҷикистонро ду баробар афзоиш дода, афзоиши саҳми бахши саноатро дар иқтисоди миллӣ беш аз 30 фоиз таъмин хоҳад кард, чунин илова дошт, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти ҳамоиш таъкид гардид,  ки баргузории ин форум пеш аз ҳама дар муаррифии иқтидори захираҳои маъдании Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, намоиши доираи васеи захираҳои мавҷуда, аз ҷумла металлҳои ранга, маъданҳои муҳим ва муайян кардани лоиҳаҳо ва имконоти умедбахши сармоягузорӣ заминаи мусоид мегузорад. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ин соҳа пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар фароварди ифтитоҳи расмӣ изҳори итминон карда шуд, ки  ҳамоиши имрӯза барои ҳамкориҳои густурда дар самти саноати маъданҳои кӯҳӣ ва ҷалби шарикони рушд, инчунин  ба муколамаи мустақим байни намояндагони тиҷорат, сармогузорон ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, корҳои омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи маъдан тақвият мебахшад.

Ҳамзамон Форум барои намояндагони бахши давлатӣ, тиҷоратӣ, хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ ҳамчун платформаи калидӣ барои муҳокимаи вазъи корӣ ва дурнамои рушди саноати кўҳкории мамлакат мусоидат менамояд.

О. Шарипова

радиои “Тоҷикистон”