Тақсимоти асари безаволи Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ба сокинони ноҳияи Сино

Бо иқдоми фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома» баргузор гардид. Тибқи нақшаи пешбинишуда, ба ноҳия 235 ҳазору китоб тақдим карда шуд. 

Азиз Калонов мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки  тибқи нақшаи пешбинишуда, аз ҷониби гуруҳи корӣ китоб ба  29 ҳазору 731 оилаҳои ноҳия дастрас гардонида шуд.   Дар доираи ин иқдом бо иштироки гуруҳи корӣ  дар 25 минтақаи ноҳияи Сино тақсимоти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ доир гардид. Ба андешаи Азиз Калонов мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Сино сокинон шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро ба хушнудӣ пазируфта ин иқдоми наҷиби Пешвои миллатро  шоистаи таҳсин номидаанд.

Ёдовар мешавем, ки  иқдоми наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими Шоҳнома ба ҳар оилаи кишвар  ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.

Сураёи Сироҷиддин

радио «Тоҷикистон«