Рӯзи 27-уми ноябри соли равон, дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, фасли 15-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон (Tajikistan Fashion Week) таҳти унвони илҳомбахши “Дар саргаҳи Хазинаи Амударё” баргузор шуд. Чорабинӣ бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Иттиҳодияи эҷодии “T&Z” дар шаклу пешниҳоди нав баргузор гардид.
Хазинаи Амударё осори бостонии беназирест, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар минтиқаи “Тахти сангин” кашф шуда, рамзи мероси ғании фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Тахти Сангин бозмондаи шаҳре дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад
Мавсими 15-уми Ҳафтаи муди Тоҷикистон на танҳо намоиши коллексияҳо балки эҳё ва бознигарии таърих аст, талош барои ифодаи мероси қадима тавассути зебоии муосир. Ҳадафи асосӣ ба ҷаҳониён хотиррасон намудани ганҷҳои Хазинаи Амударё марбут ба Тоҷикистон аст ва мўд метавонад, гузашта ва имрӯзро ба ҳам орад.
Дар доираи TFW тарроҳон аз Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Гурҷистон, Туркманистон, инчунин аз чанд кишвари аврупоӣ иштирок доранд.
Ин лаҳзаи муҳим барои муди тоҷик аст — эътирофи решаҳои фарҳангӣ, ситоиши ҳувияти миллӣ ва талоши муаррифии зебоии фарҳанги тоҷик ба ҷаҳониён тавассути забони муд, шакл ва ранг мебошад. Лоиҳа бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Дар доираи лоиҳа, ҳамкориҳои эҷодӣ ва истеҳсолӣ миёни кишварҳо густариш ёфта, барои таъсиси инкубаторҳои тиҷоратӣ дар бахшҳои муд, тарроҳӣ ва реклама замина фароҳам хоҳад шуд.
Чорабинӣ рӯзҳои 28 ва 29-уми ноябри соли равон низ идома хоҳад кард.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
