Довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо адибон вохӯрӣ намуданд

27 ноябр бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар доираи баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» вохӯрии довталабон бо адибон баргузор гардид.

Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфил довталабони даври ниҳоии озмун ва шоирону нависандагоне, ки осори онҳо дар Низомномаи озмун барои иштирокдорон пешниҳод гардидааст, иштирок намуданд.

Баргузории чунин маҳфилу чорабиниҳо имкон фароҳам меорад, ки хонандагон бо муаллифони осори мутолиакардаашон аз наздик шинос шуда, ба суолҳои худ посух бигиранд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зимни суҳбат бо довталабон оид ба хусусияти жанрии қиссаҳо сухан гуфт. Нависанда изҳор дошт, ки ҳар китобе, ки мутолиа мекунед, ба ҷузъиёти он бояд бо диққат назар андозед, чун ҳадафи муаллиф метавонад тавассути чунин ҷузъҳои хурдтарин муайян гардад.

Шоирону нависандагон зимни вохӯрӣ оид ба интихоби дуруст ва мутолиаи китобҳо тавсияҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи вохӯрӣ аз шиносоии бештар бо осори насрию назмии адибони муосири тоҷик иборат буд.