Дар Теҳрон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Субҳонӣ баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, зимни мулоқот аз рушду тавсеаи гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Эрон ибрози қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон зарурати татбиқи тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда байни ду ҷониб таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тавсеаи ҳамкории судманд байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат ва баргузор намудани нишастҳо дар мавзуоти мавриди эҳтимоми тарафайн ибрози назар намуданд.
