Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмиллалии илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату сохторҳои дахлдор, олимону коршиносон ва муҳақиқону ходимони илмӣ ширкат дошта, роҷеъ ба мавзӯи мазкур изҳори назар намуданд. Гуфта шуд, ки нақши муассисаҳои илмӣ имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар фаъолияти таълим равона шуда, он дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ як таккони ҷиддӣ бахшид. Ҳамин аст, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ раванди хосаест, ки дар таъмини субот ва такмили қонунгузорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Инчунин тавзеҳ дода шуд, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ унсури муҳими фазои ҳуқуқии ҷомеаро ташкил медиҳад, ки дар заминаи он меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими танзими муносибатҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ ташаккул ёфта, асоси рушди низом ҳуқуқии кишваро дар бар мегирад.
Дар рафти кори конфронс аз ҷониби дигар иштирокчиён маърӯзаҳои пурмӯҳтаво вобаста ба «Нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ» ироа гардид. Дар фароварди кори чорабинӣ изҳори итминон карда шуд, ки муҳокимаҳои имрӯза ба пешрафти қонунгузории миллӣ нақши назаррас хоҳад гузошт.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”
