Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Швейтсария

13 ноябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салман Балро бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳузур пазируфт.                                                            

Зимни вохӯрӣ тарафҳо аз раванди густариши муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Швейтсария дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, майли ҷонибҳоро барои тавсеаи минбаъдаи онҳо баён карданд.

Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба Салман Бал дар фаъолияти касбиаш комёбиҳо ва муваффақиятҳои нав таманно кард.