Дирӯз дар шаҳри Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилоъи сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои об, зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, миёни ҷонибҳо вобаста ба тақвияти муносибатҳо дар доираи ташкилотҳои байналмилаӣ, аз ҷумла Паймони неру табодули афкор сурат гирифт. Зикр гашт, ки баргузории Конфронси Паймони неру дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
