31 октябри соли 2025 дар ҳошияи иштирок дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот намуд.
Бино ба иттилоъи сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи мамлакат, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзи мероси фарҳангӣ, илмҳои табиӣ ва масъалаҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо ЮНЕСКО аҳамияти хосса дода, омода аст барои пешбурди ташаббусҳои муштарак дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳми фаъол гузорад. Ҳамзамон, бо дарназардошти ба итмом расидани ваколати фаъолияти хонум Одрӣ Азуле ҳамчун дабири кулли ЮНЕСКО, миннатдории ҷониби Тоҷикистон барои гузоштани саҳми арзанда ба рушди ҳамкориҳо бо ЮНЕСКО иброз гардид.
