Баррасии масъалаҳои тандурустӣ дар форуми сатҳи ҷаҳонӣ

Аз 29 то 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Манилаи кишвари Филиппин форуми тандурустии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилоъи сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар, зимни баргузории форум масъалаҳои дастгирӣ намудани системаҳои тандурустӣ барои омодагӣ ва вокуниш ба пандемияҳои оянда, системаҳои тандурустии ба иқлим тобовар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти ин чорабинии сатҳи баланд “Ёддошти тафоҳум” барои дастгирии давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар бунёди системаҳои тандурустии устувор ба имзо расонида шуд.