Телевизиони Тоҷикистон имрӯз ба унвони яке аз рукнҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва иттилоотии кишвар шинохта мешавад. Он аз рӯзи таъсисаш, 3 октябри соли 1959, то ба имрӯз роҳи тӯлонию пурмасъулиятро тай намуда, аз як студияи хурд ба як шабакаи бузурги миллӣ табдил ёфт. Нахустин барномаи он ҳамагӣ чанд дақиқа буд, вале имрӯзҳо садҳо соат барномаҳои гуногун бо мазмуну шаклҳои нав пешниҳод мешаванд.
Агар солҳои аввал шумораи кормандон хеле кам буд, имрӯз даҳҳо нафар мутахассисони ҷавону соҳибкасб дар таҳияи барномаҳои иттилоотӣ, таҳлилӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. Дар баробари ин, барномаҳои илмӣ, кишоварзӣ, варзишӣ ва таҳқиқотӣ низ ҷойгоҳи махсус пайдо намудаанд. Телевизиони Тоҷикистон тавонистааст ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фаро гирад ва ба минбари ҳақиқии мардум табдил ёбад.
Истиқлолияти давлатӣ барои ин расонаи миллӣ марҳилаи нав боз кард. Бо дастгирии давлату ҳукумат студияҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, шабакаҳои нав таъсис ёфтанд. Имрӯз барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон на танҳо дар дохили кишвар, балки тавассути моҳвора ва интернет дар хориҷ низ пахш мегарданд. Ҳамин гуна, ҳамватанони муқими кишварҳои дигар низ метавонанд аз воқеоти Тоҷикистони азиз бохабар шаванд.
Аз тариқи барномаҳои таҳлилӣ ва сиёсӣ, мисли “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Сиёсат ва ҷомеа”, “Набзи Роғун”, “Аз Паём” ва дигарон, мардум имкони огоҳӣ аз равандҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷиро пайдо мекунанд. Барномаҳои иқтисодӣ ба татбиқи стратегияҳои давлатӣ, пешрафти саноат ва рушди соҳибкорӣ бахшида шудаанд. Ҳамзамон, бо таваҷҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ, барномаҳои махсуси “Агроиқтисод”, “Кишоварз” ва “Имтиёз” ба деҳқонон маслиҳату роҳнамоӣ медиҳанд.
Нақши Телевизиони Тоҷикистон дар ҳифз ва тарғиби фарҳанг низ назаррас аст. Барномаҳои фарҳангӣ ва адабӣ, намоиши филмҳои миллӣ, инъикоси ҷашнҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ таъсири бузург доранд. Бо ин роҳ, телевизион на танҳо иттилоъ мерасонад, балки ҳамчун оинаи зиндагӣ, тарғибгари арзишҳои миллӣ ва василаи пайванди мардум амал мекунад.
Ҳоло Телевизиони Тоҷикистон бо вуҷуди рақобати сахти расонаҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мақоми худро нигоҳ доштааст. Барои рушду такомули минбаъда зарур аст, ки ин расонаи миллӣ боз ҳам бештар ба воқеияти ҷаҳони рақамӣ мутобиқ шавад ва бо истифодаи технологияҳои нав мазмуну шакли барномаҳои худро ҷолибтар гардонад.
Дар анҷом, мехоҳем тамоми кормандони Телевизиони Тоҷикистонро бо Рӯзи таъсиси ин расонаи миллӣ самимона табрик намоем. Заҳмату кӯшиши шабонарӯзии онҳо дар расондани иттилооти дуруст, тарғиби фарҳанг, рушди маърифат ва таҳкими ваҳдати миллӣ шоистаи эҳтироми бузург аст. Ба онҳо саломатӣ, комёбиҳои нав ва рӯҳи баланди эҷодӣ таманно дорем!