Имрӯз дар МД-ии » Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷаласаи 38 — уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои ИДМ бо иштироки вазирони тандурустии кишварҳои аъзо ва директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Глоге ва инчунин аъҳоёни Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба кори худ оғоз намуд.
Дар кори ҷаласаи мазкур тамоми масъалаҳои рушди соҳаи тандурустии минтақа бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ, вазирони тандурустии давлатҳои аъзо ва директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд. Инчунин дар рафти чорабинӣ самтҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ дар фазои ИДМ, аз ҷумла барқарорсозии тиббӣ, табобати санитарию курортӣ, инноватсияҳо дар ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва қонунгузории намунавӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои қарорҳои мақомоти олии ИДМ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷумла ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштарак, фаъолияти Маҷлиси байнипарлумонии ИДМ оид ба такмили қонунгузории намунавӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва таҳияи Нақшаи дурнамои қонунгузории намунавии ИДМ барои солҳои 2026- 2028 ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт. Гуфта шуд, ки қарорҳои қабулшуда барои таҳкими ҳамгироӣ ва рушди устувори низомҳои тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ заминаи боътимод гузошта, ба беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва касбӣ мусоидат мекунад.
О. Шарипова
радиои “Тоҷикистон”