Ҷавонон ва соҳаи сайёҳӣ

Туризм яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодии ҳар як давлат ба шумор меравад. Тоҷикистон низ бо доштани куҳҳои сар ба фалак кашидаи худ, табиати дилнишин, манзараҳои дилфиребу ёдгориҳои таърихии худ ба яке аз минтақаҳои сайёҳии сайёра табдил ёфтааст. Ин яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад, ки ҳукумат пайваста ба он диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳамарӯза аз гӯшаву канори Тоҷикистони биҳиштосо сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан менамоянд, ки ин аз  ободию осудагӣ ва пешравии мо тоҷикон дарак медиҳад. Бо дастгирию ибтикори Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол бо таъмиру навсозии роҳу пулҳо, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои истироҳатӣ рушд ёфта, ҷалби диққати сайёҳони зиёд гардидааст.

Кӯли Сарез, қуллаи Исмоили Сомонӣ, ёдгории Саразм, мавзеъи Искандаркӯлу Ширкент, Қалъаи Ҳисор, Бешаи Палангон, Қалъаи Ҳулбук ва дигар мавзеъҳои тамошобоб диққати сайёҳонро ҷалб намудааст.

Ҷавонон қувваи созандаи имрӯзу фардои ҷомеаи мо ба ҳисоб мераванд. Онҳо тавассути технологияи нав ва донишу маърифати хеш метавонанд тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятро идора намоянд, ки яке аз онҳо ин соҳаи сайёҳӣ аст. Ҷавонон имрӯз метавонанд ҳамчун роҳбалад, тарҷумон, масъули шабакаҳои иҷтимоӣ бо пахши видеову аксҳо Тоҷикистонро муаррифӣ кунанду дар таҳияи лоиҳаҳо саҳм гузоранду рушд кунанд.

Соҳаи сайёҳӣ барои мо ҷавонон як қатор имкониятҳои нав ба нав фароҳам овардааст. Шинос шудан бо фарҳанг ва забонҳои хориҷӣ, ширкат дар барномаҳои сатҳи байналмиллалӣ ва ҷойҳои нави корӣ.

Хулоса, ҷавонон метавонанд туризмро ба яке аз соҳаҳои пештафтатарини ҷумҳурӣ табдил диҳанд. Дастгирии давлату ҷомеа пештарфи ҷавонон дар ин самт аст.

Дилдора Қамарзода — таҷрибаомӯзи идораи барномаҳои

ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии радиои «Тоҷикистон»