Таъсири Интернет ба афкори ҷавонон

Ҷаҳони имрӯзаро бидуни Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст махсусан аз нуқтаи назари ҷавонон. Агар гӯем Интернет ҷаҳонро дигаргун сохтааст бе шак хато намекунем, он на танҳо ба афкори ҷавонони имрӯза балки ба афкори насли ояндаи кишвар низ таъсири худро расонида истодааст.

Мавриди зикр аст, ки Интернет танҳо як воситаи фароғат набуда, балки фарогирандаи тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Бинобар ин дар зеҳни ҷавонони имрӯза танҳо мафҳуми Интернет чарх мезанад. Агар каме ба гузашта назар андозем мебинем, ки барои дастрасӣ ба маълумоти нав одамон ба рӯзномаву маҷаллаҳо рӯй меоварданд, вале имрӯзҳо бинобар сабаби дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ шумораи хонандагони рӯзномаву маҷаллаҳо хеле маҳдуд гардидааст, ки ин боиси нигаронист. Дар ҳоли ҳозир аз кӯдаки гаҳвора сар карда, то бузургсолон ҳама вобастаи Интернет гаштаанд. Новобаста аз ин, Интернет ба афкори ҷавонон ҳам таъсири мусбӣ мерасонад ва ҳам манфӣ. Бо истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон метавонанд ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд, аз тамоми навгониҳои ҷаҳони муосир бохабар гарданд, бо технологияи нави пешрафта шиносоӣ пайдо намоянд, инчунин имконияти беҳтарини дигар ин дастрасӣ ба китобҳои электронӣ мебошад, ки дилхоҳ маводҳоро дар сомонаҳо пайдо карда метавонанд, ҳатто имконият доранд, ки бо истифода аз барномаҳои гуногун забонҳои хориҷиро аз худ кунанд. Албатта ҷанбаҳои мусбии Интернет зиёданд, вале бояд қайд намуд ки зарари он низ имконпазир аст. Истифодаи бениҳоят зиёд аз Интернет  боиси мушкилоти равонӣ ва ҳатто масъалаҳои саломатӣ мегардад, ки ҷавонон зери таъсири он шахсияти худро гум мекунанд ва танҳо чизеро тарафдорӣ мекунанд, ки дигарон тарғибу ташвиқ кунанд.

Яке аз хатарҳои бузургтарин бо суръат паҳн шудани ахбори қалбакӣ аст. Азбаски ҷавонон аксаран вақти тафтиш кардани манбаи хабарро надоранд, ба сарлавҳаҳои он фавран бовар мекунанд. Ин боиси ташаккули афкори ғалат дар бораи воқеиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ мегардад.

Хулоса таъсири Интернет ба афкори ҷавонон аз истифодабарии худи онҳо вобастагӣ дорад. Истифодаи дурусти он метавонад ҷавононро ба қуллаҳои  дониш  ва комёбӣ барад,  вале истифодаи нодурусти он онҳоро ба вартаи нобудӣ мебарад. Ман умедворам ҷавонони имрӯза аз ин имкониятҳо  баҳравар гардида, то андозае аз он ба манфиати шахсӣ ва рушди ҷомеа истифода мебаранд.

Муслима Маликмамадова — таҷрибаомӯзи идораи

барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии радиои «Тоҷикистон»