ДАРГУЗАШТИ АБДУҚОДИРИ РАҲИМ – ШОИР ВА РӮЗНОМАНИГОРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК

Имрӯз дар шаҳри Душанбе қалби шоир ва рӯзноманигори шинохта Абдуқодири Раҳим аз тапидан бозмонд. Марҳум 64 сол дошт.

Абдуқодири Раҳим 17 январи 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст.

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Ленин (1979) ва факултети филологияи тоҷики УДТ (1984) мебошад.

Фаъолияти корӣ:
Корманди телевизиони тоҷик (1984-85), омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (1985-87), хабарнигор, котиби масъули рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ (1987 — 90), муҳаррири калон, мудири шуъбаи маҷаллаи «Фарҳанг» (1990-93), мухбири газета «Ҷумҳурият» (1993 — 99) буд. Аз соли 1999 мудири шуъбаи фарҳанги ҳамин нашрия буд.

Фаъолияти эҷодии Абдуқодири Раҳим охири солҳои 80 садаи XX оғоз шуд. Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури «Дурӯғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати Ойина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006) гирд омадаанд. Мавзӯи ашъори Абдуқодири Раҳим васфи Ватан инсондӯстӣ, зебоиҳои табиати кишвар, ишқу ҷавонӣ, андешаҳои фалсафӣ дар бораи маънии зиндагӣ ва ғайра мебошанд.

Абдуқодири Раҳим — дорандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳумати ҶТ (1995), узви ИЖ Тоҷикистон (1994). Бо медали «Хидмати шоиста» (2010) сарфароз гардидааст.

Абдуқодири Раҳим бо Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он ҳамкории зич дошта, пайваста дар гуфтору барномаҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамуд. Ҳамчунин, шеърҳо, навиштаҳои кутоҳи насрӣ ва китобҳои ин адиби чирадаст бо садои худаш ва наттоқони Радиои ва шабакаҳои он хонда шуда, дар Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон ва радиои «Фарҳанг» маҳфуз мебошанд.

PS: Ҳайати эҷодии Радиои Тоҷикистон аз даргузашти Абдуқодири Раҳим андуҳгин буда, ба аҳли хонаводааш ҳамдардӣ амиқ баён мекунанд. Ёду номи рӯзноманигор ва эҷодкори шинохта гиромӣ бод!