КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ- АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ВАЗЪИ ВОҚЕӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯ ВА ГЕПАТОЛОГИЯ”

Санаи 12-уми сентябри соли равон дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Вазъи воқеӣ ва дурнамои рушди гастроэнтерология ва гепатология» ба муносибати 60- солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 100-солагии асосгузори он академик Мансуров Ҳамид Ҳусейнович конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Насим Олимзода, меҳмонон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Гурҷистон, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва доираи васеи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода зимни баромади хеш нахуст роҳбарият ва кулли кормандони маркази номбурдаро ба муносибати 60-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 100-солагии асосгузори он академик Ҳамид Мансуров табрику муборак бод намуда, ба онҳо дар иҷрои рисолати бар душ доштаашон барору муваффақият таманно кард.

Тавре таъкид гардид, маркази номбурда дар давоми фаъолияти худ ба як мактаби беназири тайёр кардани кадрҳо, олимон ва мутахассисони баландихтисос мубаддал гаштааст, ки бо дастовардҳои худ дар ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ саҳми бузург дорад.

Гуфта шуд, ки дар тӯли 60 соли фаъолияти худ “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолона мушкилиҳои илмии рӯзмарраи гастроэнтерология ва гепатологияро омӯхта, дар рушди ин самти истеҳсолоти Иттиҳоди Шуравӣ саҳми беназир ва муҳим гузошт.

Ҳамчунин қайд гардид, ки мутахассисони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии академикҳо Ҳ.Ҳ. Мансуров, ва Мироҷов Ғ.Қ., ҳамчун пешсафони корҳои илмию тадқиқотӣ ба шумор рафта, барои тадқиқи хусусиятҳои муҳими клиникию биохимиявӣ, иммунологӣ, генетикӣ ва морфологии ҷараёни бемории гепатити музмин ва сиррози ҷигар, ки барангезандаҳои онҳо ин вирусҳо мебошанд, саҳми назаррас гузоштаанд.

Натиҷаи тадқиқотҳои олимон– гастроэнтерологҳои кишварамон дар маҷаллаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Аврупо, Амрико ва ғайра нашр гардида, пажӯҳишгоҳи номбурда яке аз марказҳои пешбари гастроэнтерология дониста мешавад.

Иброз гардид, ки дастовардҳои соҳаи гастроэнтерология дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар самти омӯхтани паҳншавии гепатитҳои вирусии ҷигар В, С, Д ва Е дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳҳои хатар, инчунин генотипҳои он, аз қабили тартиб додани харитаи паҳншавии гепатитҳои В, С, Д ва генотипҳои он дар ҷумҳурӣ, коркарди регистри ягонаи беморони гепатитҳои музмини вирусӣ ва сиррози ҷигар, ба роҳ мондани ташхиси бармаҳали энсефалопатияи ҷигарӣ бо усули экспресс тести аммоний дар сируми хун дар беморони гепатитҳо ва сиррози ҷигар, муайян намудани паҳншавии хеликобактер пилори дар байни аҳолии калонсолон ва кӯдакони ҷумҳури бо усули экспресс тести нафасӣ “Хелик тест”, ташхис ва табобати бемориҳои норасогии лактулоза, сахаридоза, галактоза, фруктоза ва синдроми инкишофи барзиёди бактерияҳо, малабсорбсияи қандҳо бо истифода аз дастгоҳи тести нафасии “Лактофан Н2”, омӯзиши паҳншавии вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ ва омилҳои хатари он дар ҷумҳурӣ, омӯзиш ва коркарди маводи нави гепатопротекторӣ, гастропротекторӣ ва гиполипедемӣ аз растаниҳои доругии ватанӣ, мукофер, камолид, седармон, гепатоман, гастрофит ва ғайраҳо мебошанд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби мутахассисон доир ба самтҳои гуногуни соҳаҳои гастроэнтерология ва гепатология ба ҳозирин маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардида, атрофи онҳо аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Баъдан, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба роҳбарияти Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.