Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъат додани корҳои ободонӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳяи Тоҷикобод вусъати тоза пайдо мекуннанд.
Зулфиқор Гадоев, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД ноҳияи Тоҷикобод зимни сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Тоҷикистон оид ба бунёду навсозии иншооти ҷашнӣ изҳори назар намуда мегӯяд, ки дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду навсозии 101 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ин мудат беш аз 66 адади он ба истифода дода шудааст, ки 67 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Иншооти ба истифода дода шуда, иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, марказҳои савдо, кашидани хатҳои обӣ нӯшокӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ мебошад.
Муҷиддини САЙФИДДИН
Радиои Тоҷикистон
ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
