Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди НБО «Роғун» шинос шуданд

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқии обии Роғун нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти гидроэнергетикӣ шинос шуданд.

Сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун баландтарин сарбанди хокию сангӣ дар ҷаҳон буда, сатҳи болоии он дар баландии 1300 метр ва сатҳи поёнии он бошад дар баландии 965 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Сарбанди неругоҳ аз якчанд қисм ба монанди призмаи такядевори болоӣ, призмаи такядевори поёнӣ, борсанги призмаҳо, филтрҳои минтақаи гузариш ва ядрои сарбанд иборат аст. Ядрои сарбанд қисми асосии сарбанди хокию сангӣ маҳсуб ёфта, аз маводи гилхоки сангрезадори қобилияти обгузаронияш хеле паст дар маркази сарбанд барои нагузаронидани об сохта мешавад.

Дар минтақаи сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми пуриқтидор сафарбар карда мешаванд. Дар ин қитъаи сохтмонӣ дар баробари муҳандисону бинокорон геодезистон ва кӯҳнавардон низ шабонарӯзӣ фаъолият карда, барои бехатар гардонидани қитъаҳои сохтмонӣ бо симбандии ёнаҳои кӯҳ машғуланд.

Зимни сафари кории қаблиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқии обии Роғун дастур дода буданд, ки ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ядро бо истифода аз техникаву технологияҳои замонавӣ суръат бахшида шуда, масъулон дар моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбандро таъмин намоянд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат хобонидани шағал дар призмаҳои такядевори болоӣ ва поёнии сарбанд ва мувофиқи технология қабат ба қабат хобонидани маводи гилхоку филтрҳо дар ядрои сарбанд то сатҳи 1105 метр аз сатҳи баҳр иҷро гардидааст. Яъне дар муддати як сол сарбанд 70 метр баланд бардошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи сарбанди неругоҳ давоми соли 2025 дар ҳаҷми 12,7 миллион метри мукааб ва дар маҷмуъ 33,7 миллион метри мукааб ҷинсҳои куҳӣ, шағал, гилхоки сангрезадор ва филтрҳои минтақаи гузариш хобонида шудааст, ки он 42,6 фоизи ҳаҷми лоиҳавиро ташкил медиҳад.

Кормандони муҳандисию техникии неругоҳ дар ин майдони нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат, иродаи қавӣ, заҳмати шабонарӯзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расидани сохтмони ин иншооти асрро наздик менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири мустаҳкаму устувор намудани сарбанди ин иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал гузошта шуда, корҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд. Чунки Неругоҳи барқии обии Роғун аз лиҳози экологӣ тоза эътироф гардида, ин иншооти стратегӣ аз ҷиҳати экологӣ, техникӣ ва бехатарӣ яке аз беҳтарин неругоҳҳои барқии обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Вақт ҳамчун довари ҳақиқӣ собит менамояд, ки иқдоми қатъӣ, устуворона ва азму иродаи ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳарчи зудтар бунёд намудани Неругоҳи барқии обии Роғун барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон чӣ нақшу қиммате доштааст. Зеро танҳо дар натиҷаи бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун соҳаҳои иқтисоди миллӣ рушди бесобиқа менамоянд ва сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба куллӣ дигаргун мегардад.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.