31 декабри соли равон мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад. Ин масълал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ гардид.
Дар ҷаласаи мазкур оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағирот ба кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлил ва тасвиб қарор гирифт. Карим Гулмаҳмадзода, муовини вазири молия зимни суханронӣ гуфт, ки «нақшаи андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар маҷмуъ барои 2021 615, 7 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ин маблағ воридоти 510, 6 млн сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ 105, 1 млн сомонӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Мақсад аз мавҷудияти андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард танзим ва пешгирӣ аз хароҷоти беасоси андозсупорандагон ба ҳисоб рафта ин лоиҳа имкон медиҳад ки канораҷӯӣ аз пардохти андоз бартараф карда шавад». Карим Гулмаҳмадзода, муовини вазири молия дар идомаи суҳбаташ афзуд: “Мутобиқ ба талаботи боби 37-и кодекси андоз, андозсупорандагон уҳдадор гардидаанд, ки барои хароҷоти воқеӣ дар давраи ҳисоботии андоз анҷом дода, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро пардохт намоянд».
Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағирот ба кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ ва қабул карда шуд.
Саидов Шоҳин
радиои “Тоҷикистон”