Сирояти ВНМО дар Хатлон кам гардидааст

Ба гуфтаи масъулини тандурустии вилояти Хатлон сирояти ВНМО дар муқоиса ба соли 2019 53 ҳолат кам гардидааст. Мутахссис инро натиҷаи корҳои оммафаҳмонӣ медонанд.

Илёсиддин Саидов бо хабарнигори радиои “Тоҷикистон” 

Илёсиддин Саидов директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар вилояти Хатлон ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, давоми як моҳ аксияе таҳти унвони  “Якдилии байналмилалӣ ва масъулияти муштарак” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гашт. Ба ин тартиб дар Хатлон алайҳи бемории вируси норасоии масунияти одам  чораҳои пешгирикунанда пурзур карда мешаванд ва дар зарфи 11 моҳи соли равон дар вилоят як қатор тадбирҳои муассир амалӣ гардидаанд.  “Соли равон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои судманд бо Федератсияи Русия  дуюмин дармонгоҳи сайёр дар вилояти Хатлон  (дар минтақаи Кӯлоб)  ба фаъолият оғоз  кард, ки барои хизмат ба сокинони  деҳоти дур аз марказ хеле қулай мебошад, – мегӯяд  Илёсиддин Саидов.

  Ба гуфтаи табибони марказ табобати бемории ВНМО хеле  муҳим аст, зеро ин василаест, ки хавфи сирояти онро дар ҷомеа  пешгирӣ карда,  солимии бемор идора мешавад.

Нуралӣ Давлат, Маҳмадалӣ Акрам,

Тоҳири Розиқ радиои “Тоҷикистон”

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *