Чангу ғубор ва олудашавии муҳити зист яке аз сабабҳои паҳншавии бемориҳо маҳсуб меёбад

Солҳои охир ба амал омадани чангу ғубори зиёд ба яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар минтақаҳо табдил ёфтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд соли охир таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ва обшавии пиряхҳо бештар гардида, танҳо дар ду соли охир ба амал омадани чангу ғубор 35 маротиба афзудааст.  Вазъи боду ҳаво, махсусан, ҳавои чангу ғуборолуд ба саломатии инсон таъсири манфӣ дошта, он боиси пайдо шудан ва хуруҷи бемориҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ шуда метавонад. Инчунин, ҳавои номусоид сабаби хуруҷи бемориҳои музмини узвҳои нафаскашӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва буғумҳо низ мегардад.

Таҷҳизоти сӯзишвории маишӣ, воситаҳои нақлиёт, иншооти саноатӣ ва сӯхторҳои ҷангал манбаи маъмулии ифлосшавии ҳаво мебошанд. Ифлоскунандаҳое, ки боиси нигаронии асосии саломатии аҳолӣ мебошанд, моддаҳои зарраҳо, оксиди карбон, озон, гази нитроген ва дуоксиди сулфур мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки ифлосшавӣ ва олудашавии муҳити зист яке аз сабабҳои муҳимтарини паҳншавии бемориҳо маҳсуб шуда, яке аз омилҳои аслии фавти нобаҳангом дар саросари ҷаҳон гардидааст. Тибқи маълумотҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳамасола дар ҷаҳон, зиёда аз 8 миллион нафар дар натиҷаи олудагии ҳаво мефавтанд. Т

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар умум 99 дар сади аҳолии дунё аз ҳавое нафас мекашанд, ки олудаи таъсиррасонҳо буда, ба саломатии инсон хатар дорад. Ҳамасола дар ҷаҳон дар натиҷаи олудагии ҳаво миллионҳо нафар мефатанд.  Ба иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ Комиссияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки тавасути ҷорӣ намудани механизми муайян то соли 2030 марги марбут ба ифлосшавии ҳаворо 55% коҳиш диҳад.