ФЕСТИВАЛ — ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ ТАҲТИ УНВОНИ «АНДАЛЕБ — 2025»

Дар шаҳри Турсунзода яке аз рӯйдодҳои фарҳангии муҳими ҷумҳурӣ — Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ таҳти унвони «Андалеб – 2025» бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорати фарҳанг ва ҳунармандони шинохта иштирок карданд. Меҳмонон нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Турсунзода шинос шуда, зимни чорабинии мазкур, ки дар толори «Кохи Дӯстӣ» барпо шуд, иштирок карданд.

Фестивал-озмуни «Андалеб» яке аз саҳнаҳои муҳим барои муаррифии дастовардҳои фарҳангии мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Мақсади асосии он — таблиғу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, бахусус ҷавонон ба санъату ҳунари миллӣ, эҳёи чеҳраҳои нави эҷодкор ва таҳкими нақши ансамблҳою гурӯҳҳои бадеӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар мебошад.