Шуруъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар якчанд муассисаи интихобшудаи таълимии шаҳри Душанбе машғулияти иловагӣ оид ба зеҳни сунъӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» хабар доданд.
Ба иттилои масъулин, ин иқдом дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», амалӣ гардида, ҳадаф аз он рушди қобилияти зеҳнии насли нав, баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ ва таъмини истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар ҷараёни таълим мебошад.