Музокироти байналмилалӣ барои расидан ба як тавофуқи ҷаҳонии пластикӣ дар Женева бенатиҷа анҷом ёфт. Дар ин бора хабаргузории Reuters хабар медиҳад. Намояндагони беш аз 180 кишвар ва 600 созмони ғайридавлатӣ бори дигар ба созиш нарасиданд.
Аз ҷумла кишварҳои тавлидкунандаи нафт — Арабистони Саудӣ, Русия ва Эрон бо ин шарт розӣ нестанд. Бояд гуфт, ки музокирот дар Женева 10 рӯз идома дошт. Ёдовар мешавем, ки аллакай панҷ давр гузашт. Музокирот моҳи марти соли 2022 оғоз шуда буд.