Обхезии шадид дар Покистон. 307 нафар ба ҳалокат расид

Бар асари боришоти шадид дар минтақаҳои қисми шимолу ғарбии Покистон 307 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора агентии иттилоотии Синхуа бо истинод ба маълумоти Идораи миллии мубориза бо офатҳои табии ин кишвар хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар пайи офати табиӣ 11 минтақаи Покистон хисороти ҷиддӣ дидаанд.

Билол Файзӣ, сухангӯи Хадамоти наҷоти давлатии 1122 KP, ба хабаргузории Синхуа гуфтааст, ки дар айни ҳол амалиёти ҷустуҷуиву наҷотдиҳӣ идома дошта, вазъ дар минтақа вазнин боқӣ мемонад. Тибқи иттилои NDMA, аз оғози мавсими боронҳои муссонӣ аз 26 июн дар Покистон 634 нафар ба ҳалокат расида, 768 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.