18 август — Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакат 18 август Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад. Ин сана ба рӯзи тавлиди олим, файласуф, табиби ҳозиқи ҷаҳон, шоири классики адабиёти тоҷику форс Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино рабт дорад.  Айни замон дар  муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон  беш аз 21 ҳазор  нафар табиб ва зиёда аҳ 62 ҳазор нафар корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доранд.

Тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бомаром рушд кардааст ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки  давлату Ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии кормандони тиб  таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррасро анҷом медиҳад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Паёми солонаашон санаи 28-уми декабри соли 2024 таъкид намуданд, ки  Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. “Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Умуман, дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд”,-таъкид намуданд, Роҳбари давлат.

Тиб на танҳо барои ҷалби тамоми захираҳои нигаҳдории тандурустии муосир ба равандҳои табобат ва муолиҷаи инсон тарҳрезӣ шудааст, балки инчунин барои фаъолона истифода бурдани имкониятҳои ҷисмонӣ, ақлӣ ва маънавии худи шахс пешбинӣ гардидааст.