Нақшаи ҷамъоварии андоз дар ним соли 2025 барзиёд иҷро шуд

Дарнимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби мақомоти андоз ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 715.7 миллион сомонӣ ворид кардашуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 миллиарду 528.2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Нусратулло Давлатзода раиси Кумитаи андози наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки ба ҳолати 1 июни соли равон бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ975.8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат аввали соли 2024 235.6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қайдгардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2025, дар маҷмуъ, 14,8 ҳазор ҳолати хуқуқвайронкуниҳои
андозӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба чавобгарии маъмури кашида шуданд ва аз онҳо331 миллион сомонӣ ситонида шуд. Гуфта шуд, ки хуқуқвайронкуниҳо ҷиҳати бе қайд дар макомоти андоз машғул шудан фаъолинти сохибкорӣ, риоя накардани муҳлатипешниҳоди эъломияиҳои андозӣ, риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ — хазинавӣ, кам нишон додани маблағи андоз ва ғайра ба қайд гирифташудаанд.

Сарвинози С.

радиои «Тоҷикистон»