Ба ҳолати 1 июли соли 2025 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 375,1 хазор ададро ташкил додааст. Дар ин бора Нусратулло Давлатзода раиси Кумитаи андози Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки ин рақам нисбат ба аввали соли 2025, 9.8 хазор адад аз он ҷумла, шахсони ҳукуқӣ — 580 ва соҳибкорони инфиродӣ 9. 2 хазор нафар зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки бо мақсади таъмини рақамикунонии соҳаи андоз то имрӯз 45 адад хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки онҳо барои содаю мувофиқ намудани иҷрои уҳдадориҳо мусоидат менамояд. Нусратулло Давлатзода раиси Кумитаи андоз иттилоъ дод, ки дар моҳҳои январ — июни соли 2025, тавассути POS — терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, дар маҷмуъ, 3,5 млн амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ гузаронида шудааст.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар мақомоти андоз 115 адад субъектҳое, ки фаъоляти худро тавассути интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо ба роҳ мондаанд, блогерҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 нафар зиёд мебошад. Ба таъкиди Нусратулло Давлатзода аз ҳисоби ин субъектҳо дар давраи ҳисоботӣ 2 миллиону 965 ҳазор сомонӣ маблағи андоз пардохт карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 320 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»