Мақомоти Эрон аз тариқи телевизиони давлатӣ эълом карданд, ки рӯзи чаҳоршанбе ниҳодҳои давлатӣ ва бонкҳо дар Теҳрон ва ҳамчунин дар 15 устони 31 вилояти ин кишвар ба далели гармии ғайримуқаррарӣ, ки боиси бад шудани вазъи таъмини об ва афзоиши сарбории системаи энергетикӣ шудааст, баста хоҳанд шуд.
Ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар Эрон гармо аз нимаи моҳи июл идома дорад. Вазъ аз ҳама бештар дар минтақаҳои қисми ҷануби кишвар шадидтар аст. Гуфт мешавад, ки дар шаҳри Ободон ҳарорати ҳаво аз +50 дараҷа боло ба қайд гирифта шудааст.