Шумораи амалиётҳои нотариалӣ зиёд шудааст

Давоми шаш моҳи соли равон дар идораҳои нотариалии Вазорати адлияи кишвар 359 ҳазору 364 амалиёт гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 284 адад зиёд мебошад. дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати адлияи кишвар иттилоъ дода шуд. Қайд гардид, ки дар ин давра маблағи боҷи давлатӣ барои амалиётҳои нотариалӣ ба 64.7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 6,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар робита ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ Музаффар Ашуриён вазири адлияи кишвар гуфт, ки давоми нимсола 29 адад чунин ташкилотҳо аз фаъолият боз монданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 адад зиёд мебошад.

Дар идомаи нишаст Музаффар Ашуриён вазири адлияи кишвар қайд намуд, ки бекоршавии ақди никоҳ дар нимсолаи аввали соли равон тамоюли камшавӣ дорад, вале қонеъкунанда нест.

Ҳачмунин дар нишасти матбуотии Вазорати адлияи кишвар гуфта шуд, ки дар ним соли 2025 дар шаҳри Душанбе 8 кабинети адвокатӣ, вилояти Суғд 7 кабинет, вилояти Хатлон 1 адад ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Қайд гардид, ки дар ин давра 44 довталаб мақоми адвокатро соҳиб гардиданд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»