Дар нимсол зиёда аз 18 ҳазор нақлиёти сабукрав ба ҷумҳурӣ ворид шудааст

Дар нимсолаи аввали соли 2025, ба ҷумҳурӣ 18 015 воситаҳои нақлиёти сабукрав, 12 789 тонна равғани растанӣ, 73 337 тонна маҳсулоти нафтӣ, 140 586 тонна гандум, 2 511 тонна гӯшти мурғ, 54 388 тонна чӯбу тахта, 151 003 адад телефони мобилӣ, 12 732 тонна шакар ворид гардидааст.

Дар ин бора Хуршед Каримзода сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иттилоъ дод.

Ҳамзамон масъулин зимни нишаст хабар доданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 воридоти мол аз Хитой ба андозаи 268,3 млн доллар, Россия 105,7 млн доллар, Эрон 54,5 млн доллар, Ҷумҳурии Узбекистон 21,3 млн доллар, Ҷумҳурии Корея 37,3 млн доллар, АМА 34,2 млн доллар, Беларус 19,3 млн доллар, Британияи кабир 15,6 млн доллар афзоиш ёфта, аз Швейтсария 291,3 млн доллар, Қазоқистон 18,2 млн доллар, Туркия 11,8 млн доллар, Италия 8,1 млн доллар, Покистон 1,7 млн доллар ва Эквадор 1,5 млн доллар коҳиш ёфтааст.

Рустам Зоирзода
Радиои «Тоҷикистон»