Дар нимсолаи якуми соли 2025 гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 4 746,8 млн доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (4 473,1 млн доллар) 273,7 млн доллар зиёд мебошад, — зикр намуд сардори Хадамоти гумруки газди ҲҶТ Хуршед Каримзода дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон.
Номбурда оид ба гардиши савдо таъкид намуд, ки воридоти мол 3 803,6 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 326,7 млн доллар ё 9,4% зиёд мебошад. Содирот бошад, ба 943,2 млн доллар баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 53,0 млн доллар ё 5,3% коҳиш ёфтааст. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 80,1% ва содирот бошад 19,9%-ро ташкил медиҳад.
Дар содироти молҳои ватанй вазни қиёсии асосиро сурма ва маҳсулоти он — 30,4% ё ин ки 286,5 млн доллар, маъданҳо ва консентратҳо 26,9% ё ин ки 253,4 млн доллар, алюминийи коркарданашуда 12,8% ё ин ки 120,5 мли доллар, нахи пахта 5,8% ё ин ки 54,7 млн доллар, қувваи барқ 4,5% ё ин ки 42,7 млн доллар, маҳсулоти меваю сабзавот 3,4% ё ин ки 32,5 млн доллар, ресмони пахтагӣ 1,4% ё ин ки 13,6 млн доллар, ангиштсанг 1,1% ё ин ки 10,4 млн доллар, семент 1,0% ё ин ки 9,8 млн доллар ва пўст 0,2% ё ин ки 1,6 мли доллар ташкил медиҳанд.
Нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 содироти мол ба кишварҳои Ҳоланд ба маблағги 262,7 млн доллар, Узбекистон 27,6 млн доллар, Хитой 24,7 мли доллар, Туркия 16,4 млн доллар, Белгия 7,6 млн доллар, Покистон 5,6 млн доллар ва Қирғизистон 1,8 млн доллар афзоиш ёфта, ба давлатҳои Қазокистон 79,1 млн доллар, Эрон 8,3 млн доллар, Россия 5,3 млн доллар, Афғонистон 6,7 млн доллар ва АМА 1,3 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Дар сохтори воридот вазни қиёсии асосиро молҳои зерин, ба монанди маҳсулоти нафтй 11,7% ё ин ки 443,6 млн доллар, воситаҳои нақлиёти сабукрав 8,0% ё ин ки 305,3 млн доллар, гази моеъ 3,2% ё ин ки 121,2 млн доллар, гандум 3,8% ё ин ки 143,6 млн доллар, чӯбу тахта 2,6% ё ин ки 99,1 млн доллар, шакар 1,5% ё ин ки 58,6 млн доллар, оксиди алюминий 1,5% ё ин ки 56,7 млн доллар, равғани растанӣ 1,5% ё ин ки 58,8 млн доллар, маҳсулоти меваю сабзавот 1,4% ё ин ки 53,8 млн доллар, нуриҳои минералӣ 0,8% ё ин ки 29,5 млн доллар ташкил медиҳад.
Иҷрои нақша аз рӯи намудҳои пардохтҳои гумрукӣ: воридоти ААИ ба қадри 107,5% г 290,8 млн сомонӣ зиёд, боҷи гумрукӣ 133,3% № 210,4 млн сомонӣ зиёд, боҷи содиротй 75,4% № 19,4 млн сомонӣ кам, андози аксизӣ 106,4% ё 27,3 млн сомонӣ зиёд ва воридоти ғайриандозӣ ба қадри 307,9 % ё 173,4 млн сомон зиёд таъмин карда шуд.
Ш. Аҳмад
Радиои Тоҷикистон