Наздики 20 ҳазор мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар ним сол

Давоми шаш моҳи аввали соли равон ба Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 19 ҳазору 33 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 609 мавод кам мебошад.

Дар ин бора Музаффар Ашуриён вазири адлияи кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки мутахасисони вазорат дар самти қонунгузорӣ 2 ҳазору 380 мавод ва дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ 1 ҳазору 195 маводро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо хулосаҳои дахлдор пешниход намудаанд.

Қайд гардид, ки дар ин баробар давоми нимсола ба вазорат 2 ҳазору 354 муроҷиат аз хориҷи кишвар ворид гардида, ҳалу фасл шудаанд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»